Декан

Самадзода Абдурасул Саид, номзади илмҳои химия, дотсент, декани факултети стоматологии ДМТ.
Самадзода Абдурасул Саид 25.02.1991 дар оилаи коргар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Соли 2012 Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Н.Хусравро (рӯзона, бакалавр) бо дипломи аъло, аз рӯи ихтисоси омӯзгори биология ва химия хатм кардааст. Худи ҳамон сол ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (рӯзона, магистр) дохил шуда, онро соли 2014 бо дипломи аъло, аз рӯи ихтисоси химия хатм намудааст. Соли 2014 дар кафедраи химияи физикӣ ва коллоидии факултети химияи ДМТ ба ҳайси ассистент ба фаъолият шуруъ намудааст.
Соли 2017 ба шуъбаи аспирантураи Донишгоҳи педагогии давлатии Маскав барои идомаи таҳсил дар зинаи аспирантура, аз рӯи 04.06.01 илмҳои химия, дохил шудааст. Рисолаи номзадии худро соли 2021 дар мавзӯи “Бузургиҳои термодинамикии равандҳои комплексҳосилшавии ионҳои нуқра(I) ва миси(I, II) бо тиомочевина ва ҳосилаҳои он дар маҳлулҳои обӣ” дар Донишгоҳи дӯстии халқҳои Федератсияи Россия ҳимоя намудааст.
Аз соли 2022 ба ҳайси муаллими калони кафедраи химияи физикӣ ва коллоидии факултети химияи ДМТ (дотсент, 2025), ҳамзамон раиси Шурои олимон ва муҳаққиқони ҷавони ДМТ (2022-2025) фаъолият намудааст. Инчунин мушовири академӣ (эдвайзер)-и дараҷаи 1-уми факултети тиббии ДМТ (2024-2025) фаъолият намуда, айни ҳол (аз соли 2025 то ҳол) ба сифати декани факултети стоматологӣ фаъолият намуда истодааст.
Тартибдиҳангдаи 3 дастури таълимӣ мебошад. Муаллифи зиёда аз 50 мақолаву фишурдаи мақолаҳо буда, зиёда аз 15-тои он дар журналҳои рӯйхати SCOPUS ва WEB of SCIENCE нашр гардидааст.
