Кафедра дар заминаи стоматологияи муолиҷавӣ таъсис дода шудааст. Кафедра дорои мутахассисони варзидаи соҳаи стоматология буда, аз фанҳои стоматологияи пропедевтикӣ, стоматологияи кӯдакона, пешгирии бемориҳои дандон, физиотерапия дар стоматология ва ортодантия ба муҳассилин таълим медиҳанд.
Хатмкунандаҳои факултет метавонанд дар тамоми муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ, марказҳои саломатӣ ва берун аз ҷумҳурӣ фаъолият намоянд. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки имрӯз факултети стоматологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кадрҳои ба бозори меҳнат ҷавобгӯ омода намуда, барои пешрафти соҳаи тандурустии кишвар саҳмгузорӣ намуда истодааст.
