Дар факултети стоматологияи ДМТ ҳамоиши маърифатӣ доир ба таҷлили ҷашни Сада баргузор гардид. Дар ҳамоиш директори Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат, д.и.т., дотсент Шарифзода Ҷамолиддин Сафол ва устодону донишҷӯёни факултет иштирок намуданд.
Ҳамоиши маърифатиро и.в.декани факултет, дотсент Самадзода А.С. ифтитоҳ намуда, доир ба ҷашни Сада суханрони намуд. Қайд гардид, ки Сада ҷашнест аз ободкорию меҳнатқаринӣ, омодаги ба фасли баҳор (Наврӯз), оғози кишту кор, шодмонию хурсандӣ ҷиҳати баромадан аз фасли зимистон ва тозаву озода гардонидани либосу лавозимотҳои корӣ мебошад. Инчунин, зикр гардид, ки ҷашни Сада заминаҳои дунёшиносӣ ва кайҳоншиносӣ дошта, ба ҷанбаҳои баланди астрономӣ дорад. Ин ҷашн пурра суннатҳои ниёгони моро дар пай дорад, ки айни ҳол дар ҳар гӯшаи ин диёри зебоманзар таҷлил карда мешавад. Ҳамин тариқ, моро месазад, ки дар қатори дигар бузургони ин миллат такя ба оини ниёгони хеш намуда, дар оммавӣ гардонии ҷашнҳои қадимаи худ, бахусус ҷашни Сада ҳиссаи арзишманди худро гузорем.
Дар идома дотсент Шарифзода Ҷ.С. доир ба ҷашни Сада маърӯза намуда, ҷиҳатҳои таърихи доштани ин ҷашнро ба аҳли нишаст фаҳмонид. Қайд гардид, ки ҷашни Сада хеле таърихи тулонӣ дошта, аз тамаддунофар будани миллати тоҷик дарак медиҳад. Сада ҷашни хуршедӣ буда, меҳвари асосии таҷлили он тайёри намудан ба кишту кор ва заминдор будани мардуми шарафманди тоҷикро нишон медиҳад.



