ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СТОМАТОЛОГҲО ДАР ДОНИШГОҲ

Ҳамасола 9-уми феврал дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии стоматологҳо таҷлил мегардад. Бахшида ба ин сана дар факултети стоматологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмию назариявӣ баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш муовини ректори ДМТ оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М., сардори қисми тиббӣ-санитарии «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» дотсент Шокиров М.Қ., инчунин, устодону донишҷӯёни факултети стоматология иштирок намуданд.

Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии иҷрокунандаи вазифаи декани факултети стоматология, дотсент Самадзода А.С. оғоз ёфт. Мавсуф ҳозиринро ба муносибати Рӯзи байналмилалии стоматологҳо табрик намуда, зикр кард, ки вазифаи асосӣ ва пурмасъулияти табибони стоматолог, пеш аз ҳама, татбиқи амалии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи саломатии аҳолӣ мебошад.

Профессор Сафармамадзода С.М. зимни баромади худ иброз дошт, ки факултети навтаъсиси стоматология дар заминаи меъёрҳои байналмилалии илмӣ-соҳавӣ мутахассисони баландихтисос омода намуда, дар болоравии сифати таълим ва хизматрасонии тиббӣ нақши муассир мегузорад.

Дар ҷараёни ҳамоиш дотсент Шокиров М.Қ. ва ассистенти кафедраи стоматологияи муолиҷавии факултети стоматологияи ДМТ Саидшарифова Э.М. дар мавзуъҳои гуногун маърӯзаҳо намуданд.

Таъкид гардид, ки стоматология яке аз соҳаҳои пуршарафи тиб ба шумор рафта, табибони стоматолог дар ҳифзи саломатии инсон нақши калидӣ мебозанд. Бо дарназардошти он ки бисёр бемориҳо аз ковокии даҳон сарчашма мегиранд, саҳми стоматологҳо дар солимгардонии ҷомеа хеле назаррас арзёбӣ мегардад.

Дар фарҷоми ҳамоиш мубодилаи афкор ва суолу ҷавоб сурат гирифта, ба як қатор устодон ва донишҷӯёни фаъоли факултет сипосномаҳо супорида шуданд.