Дар бораи факултет

Дар доираи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади омода намудани мутахассисони соҳаи тиб дар мувофиқа бо муассиси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон факултети стоматология кушода шуд. Факултети стоматология дар заминаи ихтисосҳои факултети тиббии Донишгоҳ тибқи фармоиши ректори Донишгоҳ аз 10-уми декабри соли 2025, №817-6 ташкил шуд. Факултет навтаъсис буда, барои омода намудани мутахассисони баландихтисос дар соҳаи стоматология ва қонеъ гардонидани ниёзҳои аҳолӣ ба хизматрасонии босифати тиббӣ мусоидат менамояд.

Шароити таълимӣ, дастрасӣ ба адабиёти таълимӣ, заминаҳои моддию техникӣ дар факултет ба талаботҳои мавҷудаи соҳа пурра ҷавобгӯ буда, донишҷӯён машғулиятҳои амалӣ, таҷрибаомӯзиҳои таълимию истеҳсолиро дар муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ҳамзамон, дар пояи Маркази ташхису табобат ва таълимии Донишгоҳ мегузаранд.

Дар факултети стоматология беш аз 30 нафар омӯзгорону кормандони техникӣ фаъолият доранд. Айни ҳол дар факултет зиёда аз 2700 нафар донишҷӯ, аз он ҷумла беш аз 50 нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ аз рӯи ихтисоси “Стоматология” ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Донишҷӯёни факултет машғулиятҳои амалӣ ва сиклиро дар “Маркази ташхису табобат ва таълимии ДМТ”, МД “Пажуҳишгоҳи илмию клиникии  стоматология ва ҶҶР”, МД “Дармонгоҳи шаҳрии кӯдаконаи стоматологии №1”, МД “Дармонгоҳи шаҳрии кӯдаконаи стоматологии №1”, “Маркази стоматологии шаҳрӣ”, МД “Маҷмааи тандурустии Истиқлол”, МД “Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон”, МД “Таваллудхонаи шаҳрии №2-и шаҳри Душанбе”, МД “Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои пӯст ва узвҳои таносул”, МД “Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои пӯст ва узвҳои таносул”, МД “Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тиббӣ-судӣ”, МД “Маркази тиббии шаҳрии № 3-и шаҳри Душанбе”, МД “Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов”, МД “Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои касбии назди вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, МД “Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятӣ”, “Маркази саломатии шаҳрии № 8”, МД “Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона”, “Маркази саломатии шаҳрии №2”, “Маркази саломатии шаҳрии №13” ва дигар муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе мегузаранд.

Ҳамзамон дар назди кафедраҳои тахассусӣ дар факултет синфхонаи курси малакаҳои клиникӣ, чор озмоишгоҳи таълимӣ, ҳуҷраҳои стоматологӣ муҷаҳҳаз бо шаш курсии стоматологӣ ва дастгоҳҳои ҳозиразамони стоматологӣ барои гузаронидани машғулиятҳои дасрӣ фаъолият мекунад.

Дар факултет кафедраҳои зерин фаъолият менамоянд:

  1. Кафедраи стоматологияи ортопедӣ
  2. Кафедраи ҷарроҳи ҷоғу рӯй
  3. Кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ
  4. Кафедраи стоматологияи кӯдакона ва ортодантия

Маълумоти мухтасар дар бораи кафедраҳои факултети тиббӣ

1. Кафедраи стоматологияи ортопедӣ. Кафедраи мазкур дар бинои таълимии № 17 дар ошёнаи 5-ум ҷойгир шудааст. Дар кафедра мутахассисои варзидаи соҳаи стоматология аз фанҳои пропедевтикаи ортопедӣ ва стоматологияи ортопедӣ барои курсҳои аз дуюм то панҷум дарс мегӯянд.

2. Кафедраи ҷарроҳи ҷоғу рӯй. Ин кафедра навтаъсис буда, дар замина кафедраи стоматологияи ортопедӣ ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй таъсис дода шудааст. Кафедра дар ошёнаи якуми бинои таълимии № 17 ҷойгир хоҳад шуд. Дар кафедра аз фанҳои ҷарроҳии ҷоғу рӯй, ҷарроҳии ҷоғу рӯйи кӯдакона ва масолеҳшиносӣ дарс гӯфта мешавад.

3. Кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ. Кафедраи мазкур дар бинои таълимии № 17 дар ошёнаи панҷум ҷойгир шудааст. Мутахассисони варзида дар ин самт аз фанҳои стоматологияи муолиҷавӣ ва стоматологияи пропедевтикӣ барои ихтисосҳои “стоматология”, “кори табобатӣ”, “кори тиббии ташхисӣ” ва “педиатрия” таълим медиҳанд.

4. Кафедраи стоматологияи кӯдакона ва ортодантия. Кафедра дар заминаи стоматологияи муолиҷавӣ таъсис дода шудааст. Кафедра дорои мутахассисони варзидаи соҳаи стоматология буда, аз фанҳои стоматологияи пропедевтикӣ, стоматологияи кӯдакона, пешгирии бемориҳои дандон, физиотерапия дар стоматология ва ортодантия ба муҳассилин таълим медиҳанд.

Хатмкунандаҳои факултет метавонанд дар тамоми муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ, марказҳои саломатӣ ва берун аз ҷумҳурӣ фаъолият намоянд. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки имрӯз факултети стоматологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кадрҳои ба бозори меҳнат ҷавобгӯ омода намуда, барои пешрафти соҳаи тандурустии кишвар саҳмгузорӣ намуда истодааст.

    Номи муассиса  
1 Муассисаи давлатии «Маркази тиббии шаҳрии № 3-и шаҳри Душанбе» (бемориҳои сухтагӣ)
2 Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»
3   Муассисаи давлатии «Пажўҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рўй»
4   Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои пўст ва узвҳои таносул»
5   Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологии ба номи профессор М.Ғ. Ғуломов»
6   Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташхиси тиббию судӣ»
7   Муассисаи давлатии «Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятӣ»
8   Муассисаи давлатии «Маркази тиббии шаҳрии  №1 ба номи Карим Ахмедови шаҳри Душанбе»
9   Муассисаи давлатии «Пажўҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
10   Муассисаи давлатии «Пажўҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон»
11   Муассисаи давлатии «Пажўҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон»
12   Госпитали марказии ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
13   Муассисаи давлатии «Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кўдакона»
14   Муассисаи давлатии Таваллудхонаи шаҳрии №2-и шаҳри Душанбе
15   Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои касбии назди вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
16   Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шифобахш»
17   Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахўрон ва маъюбони шаҳри Душанбе
18   Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил» (диспансер ш.Душанбе)
19   Муассисаи давлатии “Маркази тиббии шаҳрии №2” (шаҳраки тиббӣ)
20   Муассисаи давлатии «Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина» (Мачитон)
21   ҶДММ «МТТ ТАБИБ – 2013» – шаҳри Турсунзода
22   Муассисаи давлатии «Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои пўст ва узвҳои таносул»
23   Маркази ҷумҳуриявии тиббӣ-гинетикии Вазорати тандурусти ва ҲИАҶТ
24   Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ»
25   Дармонгоҳи стоматологии кўдаконаи шаҳрии №1
26   Маркази стоматологии ҶДММ “Ғулом – Ҷ”
27   Дармонгоҳи шаҳрии стоматологӣ